Додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ҳукми худро алайҳи халабонҳои як ширкати ҳавопаймоии хориҷӣ рӯзи сешанбеи 8-уми ноябр эълом хоҳад кард. Дар рӯзи охирини мурофиаи додгоҳӣ, бо дархости расмии сафорати Русия дар Тоҷикистон, Дмитрий Кабаев, мушовири сиёсии ин намояндагии дипломатӣ даъват кард, ки аз андешаҳои башардӯстона халабонҳоро, ки шояд вазифаи супурдаи ширкатро иҷро мекарданд, озод кунанд.
Абдоркунандаи давлатӣ гуфт, ки дар муҳокимаи додгоҳӣ гуноҳи Владимир Садовничий ва Алексей Руденко дар қочоқ, убури ғайриқонунии марз ва нақзи меъёрҳои байналмилалии парвоз собит шудааст. Файзулло Холов, айбдоркунандаи давлатӣ аз додситонии Хатлон дар сӯҳбати ихтисосӣ бо радиои Озодӣ мавқеъи худро чунин шарҳ дод:
«Ҳавопаймоҳое, ки Садовничий ва Руденко идора мекарданд, умуман бояд аз замин боло намешуданд. Зеро ду санади муҳим: яке сертификати мӯҳлати истифодаи ҳавопаймо ва дигаре маълумотнома оид ба муоинаи техникиро надоштанд. Ҳамчунин ин ҳавопаймоҳо дар ҳеҷ куҷо ба қайд гирифта нашудаанд, соҳибмулкаш маълум нест. барои ҳамин парвоз кардани инҳо хеле хатарнок аст, ҳам аз лиҳози техникӣ ва ҳам аз лиҳози амниятӣ. Бори охир соли 2008-ум ҳавопаймоҳо аз қайди Гурҷистон баоварда шуда, дигар дар ҳеҷ кишваре сабтином нашудаанд».
Баъди аз Кобул омада дар фурудгоҳи Қӯрғонтеппа фурд омадани ҳавопаймоҳо, аз таърихи 12 март инҷониб халабонҳо аз сӯйи кормандони кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар боздошт нигоҳ дошта мешаванд.