Полиси Ҳинд имрӯз тавонист аз як сӯиқасд ба ҷони фаъоли тибетӣ ҷилавгирӣ кунад. Ҷавонмарди 25-солае имрӯз дар муқобили сафорати Чин дар Деҳлии Нав бо шиори “Озодӣ ба Тибет ва хатми кушторҳо дар Тибет” ба сару танаш маводи сӯхт рехта оташро фурӯзон кард. Вале полис тавонист, ки ӯро безарар карда, савори як мошини ҷип ба касалхона интиқол диҳад. Ин марди тибетӣ ҷароҳатҳои ночиз гирифтааст. Дар моҳҳои охир дасти кам 11 фаъоли тибетӣ дар хориҷ ба нишони эътироз аз ҳукумати саркӯбгари Чин худро оташ задаанд. Дар паи як ҳодисаи дигари оташсӯзӣ дирӯз дар вилояти Сичуани Чин марди эътирозгар ба ҳалокат расид.