Нигаронии СММ аз поймолшавии ҳуқуқи башар дар Эрон

Кумитаи ҳуқуқи башари СММ имрӯз дар заминаи нишондодҳои бади Ҷумҳурии Исломии Эрон дар масоили ҳуқуқи башар, аз ҷумла дар бахшҳои марбут ба озодии мазҳаб, вазъи аққалиятҳои миллӣ ва иҷрои ҳукмҳои қатл изҳори нигаронӣ кард. Ин кумита мегӯяд, ки аз табъизу боздошти аққалиятҳои мазҳабиву миллӣ ва ҳамҷинсгароҳо изҳори ташвиш карда аз шумори афзояндаи иҷрои ҳукмҳои қатл дар нисбати ҷинояткорони камсин нороҳат шудааст.