Иттиҳодияи Аврупо аз Юнон хостори содиқ монданаш ба шартҳои созиши ироаи кӯмаки молиявии байнулмилалӣ шуд.
Раиси Иттиҳодияи Аврупо Ҳерман ван Ромпей ва раиси Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозу бо нашри як изҳорот таъкид кардаанд, ки шартҳои созиш охирҳои моҳи гузашта ҳамоҳанг шуда буд ва нақшаи Юнон барои баргузории раъйпурсӣ дар ин мавзӯъ ба эътидоли минтақаи евро ва кулли Иттиҳодияи Аврупо хатари ҷиддӣ дорад.
Пешниҳоди нахуствазир Георгиос Папандреу барои баргузории раъйпурсӣ бӯҳрони сиёсиро дар Юнон амиқтар кард. Дирӯз Папандреу изҳор намуд, ки агар дар бораи ҳамоҳангии амал бо аҳзоби мухолиф ба созиш бирасанд, барои даст бардоштан аз баргузории райъпурсӣ омода аст. Ва аммо раҳбари мухолифин Антонис Самарас дар посух истеъфои сарвазирро талаб кард ва хостори интихоботи қабл аз вақти парлумонӣ шуд.
Юнон чанд моҳ боз ба бӯҳрони шадиди қарз мувоҷеҳ аст. Бар пояи созиши ҳосилшуда, Иттиҳодияи Аврупо ва Сандуқи байнулмилалии пул ба ҳукумати Юнон ба ивази кор гирифтанаш аз чораҳои шадиди сарфаи буҷа кӯмаки молиявӣ мекунанд.
Бӯҳрон дар ин кишвар мавзӯъи меҳварӣ дар нишасти сарони 20 кишвари пешрафта ва дар ҳоли рушди олам аст, ки имрӯз дар шаҳри Канни Фаронса идома хоҳад кард.