TI: Ширкатҳои хориҷии Русия ва Чин фасодзадаанд

Ширкатҳои Русия ва Чин, ки дар хориҷа фаъолият мекунанд, назар ба ширкатҳои дигар кишварҳо бештар фасодзадаанд. Дар ин бора дар гузориши ахири созмони байнулмилалии Transparency International (TI) ё Шаффофияти байнулмилалӣ таъкид шудааст.

Дар ҷараёни таҳқиқот муаллифони гузориш бо беш аз се ҳазор менеҷерҳои ширкатҳои гуногуни 28 кишвар сӯҳбат карданд.

Сатҳи аз ҳама пойини ришвату фасод дар намояндагиҳои хориҷии ширкатҳои Ҳуланд ва Швейсария ба қайд гирифт шудааст.

Дар ин феҳрист Чин дар ҷойи 27 ва Русия дар мақоми охири 28-ум қарор доранд.

Бар пояи гузориши Transparency International, ришватситонӣ бештар дар сектори давлатӣ ва дар бахши сохтмон мушоҳида мешавад.