Бан Кӣ Мун вориди Либия шуд

Бан Кӣ Мун, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, дар як сафари аз қабл эъломнашуда вориди Либия шуд, то бо раҳбарони нави ин кишвар дидору мулоқот кунад. Қарор аст, ӯ бо мақомоти Шӯрои миллии гузори Либия гуфтӯгу анҷом диҳад, вале хабаре доир ба мавзӯъи гуфтӯгуҳо нашр нашудааст. Бо далоили амниятӣ, сафари Бан Кӣ Мун ба Либияро аз қабл эълом накардаанд.