Қасди Тоҷикистон барои гирифтани қарзҳои нав

Вазорати молияи Тоҷикистон барномаи ҷалби кӯмакҳои молии хориҷиро қабул кардааст ва бар асоси он қасд дорад, то соли 2014 бештар аз 1 миллиарду 240 миллион доллар қарз бигирад. Ба гуфтаи вазорат, аксари ин қарзҳо барои иҷрои 41 тарҳ аксаран барои рушди арсаи кишоварзӣ, бунёди роҳҳои иртиботӣ ва дигар зербунёдҳои асосӣ сарф мешавад. Қарзи хориҷии Тоҷикистон то аввали соли равон ба 2 миллиарду 100 миллион доллари амрикоӣ расидааст, ки ба гуфтаи мақомоти расмӣ поинтар аз меъёрест, ки созмонҳои байналмилалии молӣ ба давлати Тоҷикистон тавсия додаанд.