Будҷаи Тоҷикистон барои соли оянда тасвиб шуд

Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон будҷаи давлатӣ барои соли 2012-ро ба тасвиб расонд. Қисми дахли будҷа барои соли оянда бештар аз 10 миллиарду 160 миллион ва қисми харҷ 10 миллиарду 340 миллион сомонӣ муқаррар шудааст. Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон гуфт, тақрибан 50 дар сади буҷаи соли оянда барои арсаи маориф, беҳдошт ва ҳифзи иҷтимоӣ харҷ хоҳад шуд: «Умуман барои соҳаҳои иҷтимоӣ зиёдтар аз 5 миллиард сомонӣ равона мегардад, ки нисбат ба соли ҷорӣ 24 дар сад зиёд буда, қариб 50 дар сади ҳаҷми умумии будҷаи давлатиро ташкил медиҳад.» Вазири молия афзуд, вазорат омода аст барои эмин нигаҳ доштани иқтисоди Тоҷикистон аз паёмадҳои манфии бӯҳрони ҷаҳонии иқтисодӣ чораҳои лозимро биандешад.