Дар шаҳри Истанбули Туркия имрӯз ҳамоиши байналмилалие оғоз ёфт, ки дар ҷараёни он шеваҳои таъмини амният дар Афғонистон баъди хуруҷи нерӯҳои байналмилалӣ дар соли 2014 баррасӣ мешавад. Ҳомиди Карзай, раиси ҷумҳури Афғонистон ва Осифӣ Алӣ Зардорӣ, раиси ҷумҳури Покистон дар ин ҳамоиши якрӯза ширкат мекунанд. Қарор аст, Ҳомиди Карзай дар ин ҳамоиш тарҳи аҳднома дар бораи амният ва ҳамкориҳои минтақавиро муаррифӣ кунад. Ҷовид Лудин, муовини вазири умури хориҷаи Афғонистон, ин санадро барои ҷараёни сулҳ дар кишвараш муҳим хонд ва гуфт: "Дар нишаст қарор аст, санаде ба имзо бирасад, ки ба шакли механизме бошад, ки ин кишварҳое, ки тааҳҳуд супурданд дар ин ҳамоиш ва ё месупоранд, оё ба ин тааҳуди худ пойбанд мемонанд ва ё намемонанд?" Дар конфронси Истанбул, ҳайъатҳои Амрико, Ҳинду Эрон, тамоми кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон ва муаасисаҳои имдодии Созмони Милал ва НАТО ширкат мекунанд.