Ҷорҷ Папандреу, нахуствазири Юнон, имрӯз дар як нишасти изтирорие бо Николя Саркозӣ, раиси ҷумҳури Фаронса ва Ангела Меркел, садри аъзами Олмон имрӯз доир ба бӯҳрони молӣ дар Аврупо гуфтӯгу мекунад. Эъломи Ҷорҷ Папандреу доир ба баргузории раъйпурсӣ дар мавриди қабули барномаи наҷоти молии кишвараш, бозорҳои молии ҷаҳонро ваҳшатзада кард. Ҳукумати Юнон дирӯз барои баргузории ин раъйпурсӣ ризоият дод. Ҷорҷ Папандреу, дар ин нишасти паси дарҳои баста гуфтааст, раъйпурсӣ паёми рӯшани кишвараш дар мавриди хати маши Юнон дар Авурпо ва ҳузури он дар ҳавзаи евро хоҳад буд.