Муҳокимаи мудофеъи ҳуқуқ дар Белорус оғоз мешавад

Имрӯз дар шаҳри Минск, муҳокимаи додгоҳии Алес Бялятский, як мудофеъи шинохтаи ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Белорус шурӯъ мешавад. Алес Бялятский, раҳбари “Баҳор”, созмони мудофеъи ҳуқуқро чаҳоруми августи соли равон боздошт ва сипас ба сарпечӣ аз пардохти молиёт муттаҳам карданд. Ҷумҳурии Белорус барои ин кораш мавриди интиқоди ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтааст. Дар сурати гунаҳкор донистани Алес Бялятский, ӯро мусодираи молу мулк ва то 7 соли зиндон интизор аст. Ҳамкорону тарафдоронаш мегӯянд, қазияи Бялятский ангезаҳои сиёсӣ дорад, зеро ӯ доир ба саркӯби тазоҳуроти осоишта аз тарафи мақомоти Белорус гузориш медод. Дар як баёнияи расмӣ дар рӯзи сешанбе, созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар гуфт, “Мақомоти Белорус бо муҳокимаи Бялятский мехоҳанд, дарро ба рӯи мудофеъони ҳуқуқ дар кишвар комилан бубанданд.”