Тазоҳурот дар остонаи мулоқоти Ҷӣ-20 дар Ниси Фаронса

Ҳазорон нафар тазоҳуркунандагон дар остонаи мулоқоти қарибулвуқӯи раҳбарони кишварҳои Гуруҳи 20 ё Ҷӣ-20 дар шаҳри Ниси Фаронса гирдиҳам меоянд. Интизор меравад, ки рӯзҳои панҷшанбеву ҷумъа раҳбарони 20 кишвари пешрафтаи санъатии ҷаҳон кунд шудани рушди иқтисоди ҷаҳонӣ ва бӯҳрони қарзи қаламрави евроро баррасӣ кунанд. Созмондиҳандагони тазоҳурот мегӯянд, ки мумкин аст дар ин тазоҳурот тақрибан 10 000 нафар ширкат ҷӯянд. Ҳазорон нафар кормандони амниятиву полис барои таъмини назм ва амният ба маҳали баргузории мулоқоти Ҷӣ-20 сафарбар шудаанд.