Алмосбек Атамбоев-барандаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Қирғизистон мегӯяд, пойгоҳи ҳавоии Амрико дар Осиёи Марказӣ кишвари вайро метавонад дар хатар гузорад, зеро ба ин пойгоҳ метавонад ҳамлаҳои ҷавобӣ сурат бигирад. Ба ин далел Атамбоев пешниҳод кардааст, ки то соли 2014 ин пойгоҳ бояд баста шавад. Атамбоев дар интихоботи рӯзи якшанбе бештар аз 60 дарсади орои интихобкунандагонро ба даст овардааст. Вай гуфт, ба қарордоди миёни Қирғизистону Амрико дар бораи истиқрори пойгоҳи ҳавоии Амрико эҳтиром мегузорад. Ин қарордод имкон медиҳад, ки пойгоҳ то миёнаи соли 2014 дар Қирғизистон бимонад.