Ҳайати Бундестаги Олмон ба Душанбе меояд

Сафоратхонаи Олмон дар Душанбе ба матбуот хабар додааст, ки як ҳайат аз кумитаи ҳуқуқи башари порламон ё Бундестаги Олмон имрӯз вориди Душанбе мешавад. Ин боздид 5 рӯз давом мекунад. Дар ҷараёни боздид ҳайати Бундестаги Олмон бо намояндагони порламони Тоҷикистон масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ мекунад.