СММ ҳамла ба дафтараш дар Қандаҳорро маҳкум кард

Шӯрои амнияти СММ ҳамла ба намояндагии ин созмон дар шаҳри Қандаҳорро маҳкум кард.

Намояндаи Нигерия дар СММ, садри даврии Шӯрои амният Ҷой Огву, аз мақомоти Афғонистон даъват намуд, ки созмондиҳандагони таркиши рӯзи душанберо пайдо кунанд.

Бар асари таркиш дар бинои намояндагии СММ дар Қандаҳор се нафар, аз ҷумла, як корманди полис кушта ва ду тани дигар маҷрӯҳ шуданд. Ҳамаи онҳо шаҳрвандони Афғонистонанд.

Масъулияти ҳамларо "Толибон" бар дӯш гирифт.