Оразалин ба нишони эътироз аз ҳукмаш даҳонашро дар зиндон дӯхт

Яке аз се марди муттаҳам ба куштори журналисти қирғизистонӣ, ки дар зиндони Қазоқистон нигаҳдорӣ мешаванд, ба нишони эътироз аз ҳукмаш даҳонашро дӯхтааст, мегӯяд бахши қазоқии радиои Озодӣ. Шалғар Оразалин, шаҳрванди Қазоқистон, дар куштори журналист Геннадий Павлюк муттаҳам дониста шуда, рӯзи 11 октябр ба 11 соли зиндон маҳкум шуд. Павлюки 51-соларо декабри соли 2009 аз як сохтмони баландошёнае дар Алмаато бо дасту пои баста ба замин сарозер карда буданд. Ду шарики Шалғар Оразалин, ки афсарони собиқи амниятӣ мебошанд, ҳамчунин дар ин ҷиноят шарик ва ба мӯҳлати 10 ва 17 соли зиндон маҳкум шуданд. Дар бораи дӯхта шудани даҳони Оразалин ҳамсар ва вакили ӯ хабар доданд. Вакили дифоъ мегӯяд, ки дар асл додгоҳ натавонист гунаҳгор будани Оразалинро собит кунад. Дар ҳоле, ки мақомоти зиндон аз ташреҳи ин хабар худдорӣ мекунанд, Ирина Ёқубова, сухангӯи раёсати назорати зиндонҳои вилояти Алмаато тасдиқ кард, ки Оразалин даст ба эътироз задааст. Хонум Ёқубова гуфт, ки ба Оразалин гуфта шуд, ки эътирози ӯ натиҷа нахоҳад дод ва ӯ бояд ба қонун итоат кунад.