Имрӯз дар нуқтаи марзии Шӯроободи вилояти Хатлон Шоҳзода Оғохони IV-пешвои исмоилиёни ҷаҳон ва Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон дар маросими гузоштани санги таҳдоби як пуле, ки Тоҷикистону Афғонистонро ба ҳам васл хоҳад кард, ширкат карданд. Дар сурати такмили ин тарҳ, пули 162-метрӣ ноҳияи Шӯрободи Тоҷикистонро бо минтақаи Хоҳони Афғонистон мепайвандад. Хабарнигори радиои Озодӣ Барот Юсуфӣ, ки дар ин маросим ширкат дошт, гуфт, зимни сӯҳбат бо сокинони минтақаи марзии Хоҳони Афғонистон Эмомалӣ Раҳмон даъват кард, ки нагузоранд пули нав ба гузаргоҳи қочоқи маводи мухаддир табдил шавад. Вай гуфт, ки ин чиз мавриди обрӯрезии ҳарду мардум дар чашми ҷомеаи ҷаҳонӣ мешавад. Барот Юсуфӣ мегӯяд, ки мардуми ҳарду тарафи марз аз сохтмони пули нав умеди зиёд доранд:
"Мардуми маҳаллӣ мегӯянд, ки дар паи сохтмони пули марзӣ бозори маҳаллӣ низ ташкил шуда, молҳои аз Тоҷикистон вориди ин бозоршуда барои беҳбуди зиндагии мардуми ҳарду тараф мусоидат хоҳад кард".
Пули пайвасткунандаи Тоҷикистону Афғонистон, ки бо маблағгузори Бунёди Оғохон сохта мешавад, панҷум кӯпрӯки васлкунандаи ду кишвари ҳамсоя хоҳад шуд.