Навори видеоӣ эътибори ҳизби Русияи Воҳидро зери суол мебарад

Як навори видеоӣ, ки дар он мақоми баландпояи ҳизби ҳоким ба мардум барои дарёфти раъйи онҳо дар интихобот созише пешниҳод мекунад, дар Интернет шӯру валвала хезондааст. Навори видеоие, ки дар телефон бардошта шудааст, раиси ҳукумати вилояти Ижевск Денис Агашкинро нишон медиҳад, ки мегӯяд, маблағгузории собиқадорони ҷанг дар оянда аз он вобаста мешавад, ки чӣ шумори мардум моҳи декабр ба ҷонибдории ҳизби ҳокими Русия Воҳид овоз хоҳанд дод. Ҳизби ҳокими Русияи Воҳид ба раҳбарии Владимир Путин даҳ сол пеш таъсис шуда ҳоло дар ҳарду палатаи парлумони Русия аъзои он аксариятро ташкил медиҳанд.