Дар Қирғизистон раъйдиҳӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шурӯъ шуд, ки баъди инқилоб ва низоъҳои хунини қавмии соли гузашта, нахустин интихоботи президентӣ аст. Ба гуфтаи мақомоти интихоботӣ то кунун тақрибан 20 дар сади беш аз 3 миллион мардуми бархурдор аз ҳаққи раъй дар интихобот раъй додаанд. Барои расидан ба мақоми раёсати ҷумҳур 16 номзад рақобат мекунанд ва Алмосбек Отамбоев, нахуствазири собиқ, Қамчибек Тошиев, раиси Ҳизби Отаҷурт ва Адахон Мадумаров, раиси собиқи порлумон аз номзадҳои аслӣ ба мақоми раиси ҷумҳур маҳсуб мешаванд. Роза Отунбоева, дипломати собиқадор ва раиси ҷумҳури феълӣ, ки қиёми мардумӣ алайҳи Қурмонбек Боқиев, раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистонро дар соли 2010 раҳбарӣ кард, дар интихобот ширкат намекунад.