Б.Либерт: "Муколама роҳи беҳтарини ҳалли масоили обӣ аст"

Кишварҳои минтақа ин ҳафта дар Алма-ато бо мусоидати СММ ҳамкориҳо дар заминаи истифода аз захираҳои обиро баррасӣ карданд.
Дар бораи ин нишаст сӯҳбате доштам бо Бо Либерт, ҳамоҳансози масоили муҳити зистии Кумиссиёни иқтисодии Созмони Милал дар Аврупо ва нахуст назари ӯро доир ба сатҳи ҳамкории кишварҳои минтақа дар масъалаи тақсими захираҳои об пурсидам:

Бо Либерт: “Ин на танҳо арзёбии ман аст, балки арзёбии умумӣ аст, ки ҳамкориҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ дар баҳрабардорӣ аз захираҳои об дар минтақа бояд воқеан беҳбуд ёбад, зеро дар Осиёи Марказӣ имконоти зиёде вуҷуд дорад, ки заминаро барои беҳбуди зиндагии аҳолӣ фароҳам кардааст. Хато намекунем бигӯем, ки ҳамкорӣ дар минтақа начандон хуб аст. Дар инҷо заминаҳои кофӣ вуҷуд дорад, ки кишварҳои поёноб ва болооб ба таври аҳсан аз захираҳои оби минтақа баҳра бардоранд. Вале ҳоло чунин нест, бахусус дар солҳои хушку камбориш ба мисли ҳамин сол, ки бисёре аз бахшҳои Қазоқистони поёноб сари вақт об гирифта натавонистанд. “

Озодӣ: Ҳоло, ки вазъ чунин аст ва бо назардошти тағйири иқлим ва фишори демографӣ ба манобеъи табиӣ метавон гуфт, ки баҳси кишварҳои Осиёи Марказӣ дар солҳои оянда боз ҳам авҷ хоҳад гирифт?

Бо Либерт

Бо Либерт: “Агар муколамаи кофӣ дар миёни кишварҳо набошад ва захираҳои об ҳам бар асари афзоиши аҳолӣ ва таъсири эҳтимолии тағйири иқлим кам шавад, албатта кашмакашҳо бештар хоҳанд шуд. Аммо аз сӯи дигар ин метавонад ба омодагии кишварҳо барои муколама ва дарки мушкил таъсири мусбат гузорад, ки бояд ба ҳам оянд ва мушкили тақсими обро ҳал кунанд. Мо бояд ин воқеъиятро бидонем, ки ба созиш нарасидан ва роҳи ҳалли ин мушкилро пайдо накардан барои ҳамаи кишварҳои минтақа бад аст, ҳам барои кишварҳои болооб ва ҳам барои кишварҳои поёноб. “

Озодӣ: Пӯшида нест, ки дар ин миён бештар аз ҳама Тоҷикистону Узбакистон ба сари тарҳи нерӯгоҳи барқи обии Роғун бо ҳам мушкил доранд ва бидуни шак дар нишасти шумо дар Алмаато доир ба ин тарҳ низ гуфта шуд.

Бо Либерт: “Албатта дар баъзе аз сӯҳбатҳо масъалаи Роғун низ ба миён омад. Мо аз тарафи худ ҳоло фақат раванди корро мушоҳида мекунем, ки аз тарафи Бонки Ҷаҳонӣ идора мешавад. Яъне вазъро арзёбӣ мекунад ва тарҳи таҳқиқи Роғунро анҷом медиҳад. Дар масъалаи Роғун мо мавқеъгирӣ намекунем, вале ҳар масъалаи тағйири бузурги маҷрои об ва ё баҳрабардорӣ аз захираҳои об бояд муколама сурат бигирад. “

Озодӣ: Ба ҳайси фарде, ки дар масоили тақсими захираҳои об зиёд кор кардаед, ба кишварҳои Осиёи Марказӣ барои рафъи мухолифатҳояшон чӣ тавсия медодед?

Бо Либерт: “Муколамаи бештар кунанд, ҳамдигарро дарк кунанд, на фақат мавқеъи худ, балки мавқеъи кишварҳои ҳамсояро дарк кунанд. Ба андешаи ман дар Осиёи Марказӣ намунаҳои хуби ҳамкорӣ ҳаст, ба мисли ҳамкориҳои Қазоқистону Қирғизистон, дар масъалаи баҳрабадорӣ аз ҳавзаи Талас. Агарчӣ ҳамкории онҳо дар ин замина фарогир нест, аммо мушкилоти бисёр муҳими аҳолӣ дар баҳрабадорӣ аз рӯдхонаи Таласро ҳал мекунанд. Ин гуна намунаҳо ҳастанд ва аз ин рӯ мо набояд ба оянда бисёр бадбин ва ё пессимист бошем. “

Ҷаноби Бо Либерт, ҳамоҳангсози масоили муҳити зистии Кумиссиёни иқтисодии Созмони Милал дар Аврупо ҳамкории Қазоқистону Қирғизистон дар заминаи баҳрабардорӣ аз оби рӯдхонаи Таласро дар назар дорад, ки ин рӯдхона аз Қирғизистон сарчашма мегирад ва ин кишвар дар ивази сар додани оби кофӣ аз обанборҳояш барои Қазоқистон дар фасли гармо, аз ин кишвар дар фасли сармо ангишт ва маводи нафтӣ мегирад.