Эстония масъалаи боздошти шаҳрвандашро меомӯзад

Садовничий ва Руденко дар ҷараёни муҳокима

Садовничий ва Руденко дар ҷараёни муҳокима

Бино ба хабари матбуоти Русия, намояндагони вазорати корҳои хориҷии Эстония телефонӣ бо вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон тамос гирифтаанд ва ҷузъиёти боздошти Алексей Руденко-халабони Эстонияро баррасӣ кардаанд. Бино ба ин хабар, Эстония ба таври расмӣ ба сафорати Олмон дар Душанбе муроҷеа кардааст ва хостааст, ки ҳар чӣ зудтар намояндаи худро ба мулоқот бо шаҳрванди Эстония фиристад. Ҷониби Тоҷикистон ба шаҳрванди боздоштшуда вакили мудофеъ додааст. Эстония гуфтааст, ки дар сурати зарурӣ омода аст корманди сафорати худро аз Қазоқистон ба Тоҷикистон фиристад.

12 марти соли равон ду ҳавопаймои навъи АН-72 зери фармондеҳии Владимир Садовничий-шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко-шаҳрванди Эстония бидуни иҷозаи мақомоти зидахли Тоҷикистон дар фурудгоҳи Қурғонтеппа ба замин нишастанд