Вазорати умури хориҷаи Русия дар вокуниш ба қазияи додгоҳии Владимир Садовничий, шаҳрванди Русия ва Алексей Руденко, шаҳрванди Эстония, ки дар Тоҷикистон ба иттиоҳоми убури марз дастгир шудаанд, гуфтааст, ки дар ҷараёни ин қазия қарор дорад.
Ин вокуниш дар замоне сурат гирифт, ки қазияи мазкур дар расонаҳои хабарии Русия бозтоби фаровон пайдо кардаст. Ва ин вокуниши Вазорати хориҷаи Русия низ як навъ оҳанги эҳтиёткорона дорад ва бештар дар ин қазия ширкати “Ролканд инвестмент ЛТД”-ро муқассир медонад.
Ба қавли мақомоти Русия, ин ширкат дар бисёр маврид худсарона ва бидуни мувофиқа бо мақомот ба ҳамлу нақли коло ба Афғонистон машғул будааст.
Қазияи фуруд омадани ҳавопаймоҳои АН- 72 аз Афғонистон дар моҳи марти соли ҷорӣ дар фурудгоҳи шаҳри Қурғонтеппаи Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ сурат гирифта буд. Баррасии ин қазия дар ин авохир дар додгоҳи шаҳри Қӯрғонтеппа ҷараён дошт. Халабонони ин ду ҳавопаймо Садовничий ва Руденко ба ҷурми убури ғайри қонунии марз ва қочоқ, ҳамчунин нақзи меъёрҳои байнулмилалии ҳавопаймоӣ муттаҳам дониста мешаванд.
Додситон барои ин ду нафар 13 соли зиндон тақозо кардааст. Халабонҳо гуфтаанд, ки онҳо маҷбур буданд дар Қӯрғонтеппа фуруд оянд ва дар қочоқ даст надоранд. Хадамоти гумрукии Қӯрғонтеппа ва марзбонон низ шаҳодат додаанд, ки ҳангоми фуруд дар ин ҳавопаймоҳо маводи мухаддир, аслиҳа ва ё чизи дигари ғайри қонунӣ кашф накардаанд. Танҳо дар як ҳавопаймо мотори ҳавопаймо кашф шудааст, ки ба гуфтаи халабонон чун қисми эҳтиётӣ истифода мешудааст.
Ба қавли мақомоти Тоҷикистон ин мотор 1 миллиону 88 ҳазор сомонӣ, муодили 230 ҳазор доллари амрикоӣ, арзиш доштааст. Мақомоти интизомии Тоҷикистон ин моторро колои тиҷроатӣ хонда, халабононро дар қочоқ муттаҳам кардаанд. Халабонон дар додгоҳ гуфтаанд, барои мотор ё қисми эҳтиётӣ ва фаъолияти онҳо бояд ширкати “Ролкан инвестмент ЛТД” ҷавобгу бошад, на халабононе, ки бо ин ширкат қарордоди корӣ доранд.
Саъдӣ Одинаев, халабони ботаҷрибае, ки солҳо дар Афғонистон ва кишварҳои африқоӣ бо ҳавопаймоҳои мухталиф боркашӣ кардааст, дар фуруд омадани ин ҳавопаймоҳо дар Қӯрғонтеппа ҷурмеро намебинад. Ба гуфтаи вай, бар асоси меъёрҳои байнулмилалӣ барои аз хатар эмин нигоҳ доштани сарнишинони ҳавопаймо халабон муваззаф аст, дар фурудгоҳи наздиктарин фуруд ояд. Ва ин меъёр дар ҳамаи дунё муроот мешавад.
Вай афзуд: “Маводи сӯхт тамом шавад, дар тамоми фурудгоҳҳои дунё ҳақ дорӣ, ки фуруд биоӣ ва боз парвозро идома бидиҳӣ. Дар ин қазия халабон гуноҳе надорад. Онҳо ҳатто ҳақ доштанд, дар фурудгоҳи Душанбе ё Кӯлоб низ фуруд оянд. Ба назари ман, дар ин қазия касе ё тарафе алоқамандии зиёд дорад. Ин ҳодисаҳо дар Тоҷикистон як амри маъмулист.”
Мақомоти Тоҷикистон гуфтаанд, ин халабонҳо бидуни дарёфти иҷозат фуруд омаданд. Аммо халабонон мегӯянд, мувоифқи қонун бо ироаи ногузирии фуруд дубора иҷозаи фурудро аз сӯи мақомоти Тоҷикистон дарёфт кардаанд.
Бархе аз расонаҳои хабарии Русия ва хориҷ аз он навиштаанд, ки ин қазия қурбонии равобити Русия ва Тоҷикистон шудааст, ки дар ин авохир ба сардӣ гароидааст ва сафорати Русия дар Тоҷикистон низ ба ин қазия аҳамияти чандоне надодааст. Вазорати хориҷаи Русия низ дар баёнияи худ гуфтааст, ки раиси ширкати «Ролкан инвестмент ЛТД» то ба ҳол натавонистааст санади номнавис шудани ин ду ҳавопаймои АН-72 ва муҷаввизи иҷозаи парвози ин ду ҳавопайморо ба Вазорати хориҷаи Русия ё сафорати Русия дар Тоҷикистон ироа кунад. Яъне ҳуввияти ин ду ҳавопаймо ба Вазорати хориҷаи Русия низ рӯшан нест.
Ба ҳамин далел, Владимир Ваниев, мушовири хоси сафорати Русия дар Тоҷикистон иддаои раиси ширкати «Ролкан инвестмент ЛТД» дар робита ба бетафовутии сафорати Русия дар Тоҷикистон ба ин қазияро иғвогарӣ гуфта, афзудааст, дар ин қазия на халабонон, балки мақомоти ҳамин ширкат муқассиранд, ки бидуни иҷоза ва мувофиқа бо мақомоти Русия худсарона парвозҳоро ба Афғонистон анҷом медодааст.
Ба эътиқоди мутахассисон, ҳавопаймои АН-72 дар замони Шӯравӣ ҳудуди сад фарванд тавлид шуда буд. Пас аз фурӯпошии Шӯравӣ аксари ин ҳавопаймоҳо дар қаламраи Украина боқӣ монда ва дар ихтиёри ширкатҳои мухталиф қарор доранд. Дар ҳоли ҳозир ду фарванд аз ин ҳавопаймоҳо дар Африқо низ боздошт шудаанд.
Мувофиқи реестер ё рӯйхати давлатии Русия аз ин сад адад ҳавопаймои АН-72 наваду ҳашт фарвандаш суроға дорад, ки дар ихтиёри кадом ширкатҳо ва кадом давлатҳо қарор доранд. Вале ду фарванд аз ин ҳавопаймоҳо суроға надорад ва ширкати «Ролканд инвестмент ЛТД» низ натавонистааст санади ин ду ҳавопайморо ба Вазорати умури хориҷаи Русия ироа бикунад.
Бо вуҷуди ин ҳама, ки масъули ин сару садоҳо ширкати мазкур аст, баррасии парвандаи халабонони ҳавопаймоҳои АН-72-и мутааллиқ ба он дар Тоҷикистон идома дорад ва дар ояндаи наздик додгоҳ ҳукми худро эълон хоҳад кард.