Тақозои узви порлумони Тоҷикистон аз ҳукумат

Саодат Амиршоева, узви Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Саодат Амиршоева хостааст, то шароити таълиму таъмини ғизо дар кӯдакистонҳои Хатлон бозбинӣ шавад.
Ба гуфтаи ӯ, барои ғизои як кӯдаки кӯдакистон аз сӯи давлат 79 дирам, муодили 16 сенти амрикоӣ, ихтисос дода мешавад, ки барои харидани як дона нон кифоят намекунад. Вай афзуд, барои беҳсозии таъминоти таоми атфол дар кӯдакистонҳо дастикам як доллар ба сари ҳар нафар бояд ҷудо карда шавад.

Хонум Амиршоева мегӯяд, ин пешниҳоди худро дар пайи дархостҳои пайопайи сокинони шаҳри Қӯрғонтеппа, ки аз шароити бади кӯдакистонҳои маҳаллӣ шикоят кардаанд, ба ҳукумати Тоҷикистон ироа карда, хостори ислоҳи вазъ шудааст.

Ӯ афзуд: "Аксари кӯдакистонҳо аз соли 1990 ба ин тараф таъмири асосиро надидаанд. Аҳволи муассисаҳои томактабӣ ташвишовар аст. Мо бояд ҳамчунин бар сари ин масъала ҳам андеша кунем, ки фарзандонамонро аз тифлӣ ба фасод олуда мекунем. Саҳар кӯдак аз хоб, ки хест, ба дасташ ду сомонӣ медиҳем, як сомонӣ барои мураббӣ ва боқимонда барои кӯдак, то чизе барои хӯрданаш бихарад, чун медонем, ки дар деги кӯдакистон ба ғайр аз "горох" чизе намеҷӯшад. Ба ҷуз ин, мураббиҳо зодрӯз доранд, иди 8-уми март доранд, соли нав доранд, ҳар хел ҷашну маросимҳо доир мешаванд, кӯдакистонҳоро таъмир мекунанд, ки ҳамаи ин маблағ мехоҳад. Ба ҳамин восита, мо кӯдаконро аз ҳамин синну сол ба коррупсия гирифтор кардем. Ин кори хеле бад аст."

Аксар кӯдакистонҳои шаҳри Қӯрғонтеппа ва навоҳии атрофи он ҳанӯз дар замони ҳукумати Шӯравӣ бунёд гардида, шароити дурусти таълим надоштаанд. Бозичаҳо, қаламу коғаз, ҳатто мизу курсӣ ва рахти хоб дар кӯдакистонҳо камчин будааст. Гулбибӣ Усмонова, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, ки фарзандаш дар яке аз кӯдакистонҳои Қӯрғонтеппа таълим мегирад, аз ҷумлаи волидайни норозӣ аз шароити кӯдакистонҳо мебошад.

Вай мегӯяд, дар ҳоле ки аз сӯи давлат барои нигоҳубини як кӯдак дар кӯдакистон моҳона 10 сомонӣ муқаррар шудааст, ӯ водор мешавад, ки ба мураббии боғча маблағи изофӣ диҳад, то фарзандашро хуб нигоҳубин кунад: "Мо ҳар моҳ 20 сомонӣ медиҳем ба боғча. Рӯзе нест, ки "пули сатил диҳед" нагӯянд, пули ҷорӯбу латтаи фаршшӯӣ биёред мегӯянд. Ҳар сол барои парда, печка ва ҳезум аз мо маблағ мепурсанд. Ҳайронам, ки наход дар кӯдакистон ҳар сол як печкаи нав харидорӣ кунанд?! Аз хона барои кӯдаконамон нону мева медиҳем, то дар кӯдакистон тановул кунанд. Аммо вақте аз боғча ба хона меоянд, боз ҳам гушнаанд..."

Мақомоти Идораи маорифи вилояти Хатлон мегӯянд, барои таъмини кӯдакистонҳо бо таоми серғизо ва дигар лавозимоти таълимӣ маблағи ихтисосёфта кофӣ нест. Бо ин вуҷуд, Лутфия Роибова, муовини сардори Идораи маорифи минтақа, мегӯяд, тайи ду соли ахир аксари кӯдакистонҳо таъмиру тармим шуда, бо ашёи зарруӣ қисман таъмин гардидаанд. Вай афзуд, аз тамоми масъулон ва мураббиёни кӯдакистонҳо тақозо шудааст, ки аз волидайни кӯдакон маблағе ба ҷуз аз моҳонаи баробар ба 10 сомонӣ талаб накунанд.

Вале Карима Мирбозова, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа, мегӯяд, мураббии кӯдакистон ҳатто коғази ташнобу собуни дастшӯиро аз кӯдакон талаб мекунад: "Ноилоҷ фарзандамро ба кӯдакистон додам, зеро худам кор мекунам. Лекин хуб нигоҳ намекунанд кӯдаконро. Моҳона 20 сомонӣ месупорам, боз кӯмак мекунам."

Дар ҳоле ки волидайни кӯдакон аз шароити кӯдакистонҳои маҳаллӣ изҳори ноқаноатмандӣ мекунанд, мақомот мегӯянд, ки танҳо ҳамагӣ 7 фоизи кӯдакон ба кӯдакистонҳо фаро гирифта шудаанд. Яъне бештар аз 90 дарсади кӯдакони синни томактабӣ асосан дар шароити хона тарбият меёфтаанд. Вакили парлумони Тоҷикистон Саодат Амиршоева мегӯяд, ин нишондиҳанда баёнгари он аст, ки аксари волидайн ба сабаби мутмаин набудан ба шароити хуби таълиму тарбия дар кӯдакистонҳо, аз сафарбарии фарзандашон ба чунин муассисаҳо худдорӣ мекунанд.