Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз бо Муҳаммад Қасим Фаҳим, муовини раиси ҷумҳури Афғонистон доир ба ҳамкориҳои иқтисодӣ ва муборизаи муштарак алайҳи терроризм ва тундгароӣ гуфтӯгу кард. Ду тараф зимни мулоқот аз омода шудани хати 220- киловолтии интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон изҳори хушнудӣ кардаанд. Муҳаммад Қасим Фаҳим баъди мулоқот ба хабарнигорон гуфт: “Хати нерӯи барқи 220 киловолтӣ аз Сангтӯда ба Афғонистон омода шуда, фардо иншоолоҳ онро ифтитоҳ хоҳем кард ва ҳамчунин як пул ифтитоҳ мешавад.” Пули мазкур дар мавзеъи Шоҳон-Хоҳон дар ҷануби Тоҷикистон воқеъ шудааст. Дар мулоқот ҳамчунин ба тақвияти муборизаи муштарак алайҳи терроризму ифротгароӣ ва қочоқбарони маводи мухаддир таъкид кардаанд.