Гилаи як номзад ба мақоми раиси ҷумҳури Қирғизистон

Яке аз номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳури Қирғизистон мегӯяд, дар корзори пешазинтихоботӣ “усулҳои ифлос” истифода шудааст ва ӯ шояд аз рақобат барои курсии раиси ҷумҳур хориҷ шавад. Алмомбет Матубраимов, раиси собиқи порлумон, ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, “рақобат барои курсии раиси ҷумҳур бо усулҳои ифлосе сурат мегирад” ва ӯ дигар наметавонад, дар ин рақобат бошад. Ӯ манзури худро шарҳ надод. Аммо Кумиссиёни Марказии Интихобот аз Алмомбет Матубраимов ва се номзади дигар хостааст, бар асоси қонун гузориши доир ба сарчашмаҳои маблағгузории корзори тарғиботии худро пешниҳод кунанд. Интихоботи раёсати ҷумҳури Қирғизистон рӯзи 30 октябр баргузор мешавад ва дар он 19 номзад ширкат доранд.