Лужковро барои бозпурсӣ даъват карданд

Мири пешини Маскав Юрий Лужков мегӯяд, ки даъвати ӯ барои бозпурсӣ ба Раёсати тафтишоти вазорати умури дохилии Русия бо мусоҳибаи ахираш бо Радиои Озодӣ бастагӣ дорад. Дар ин мусоҳиба ӯ аз раҳбарони феълии Русия интиқод карда буд.

Ба навиштаи хабаргузориҳои русӣ, Лужков гуфтааст, ки айни ҳол ӯ дар хориҷи кишвар аст ва баробари бозгашт ба Русия дар назди муфаттишон ҳозир хоҳад шуд.

Аз ин пеш хабар дода мешуд, ки Юрий Лужков ба ҳайси шоҳид аз рӯи парвандаи сирқати маблағ дар Бонки Маскав барои бозпурсӣ даъват шудааст. Раҳбарони ин бонк Андрей Бородин ва Дмитрий Акулинин дар қонуншиканӣ зимни ҷудо кардани қарз барои ширкати Елена Батурина, хонуми Юрий Лужков, айбдор мешаванд.