Шарти Тифлис барои вуруди Русия ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат

Нино Каландадзе

Гурҷистон ба вуруди Русия ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат фақат дар ҳоле розӣ хоҳад шуд, ки дар қитъаҳои абхозистонӣ ва Осетияи ҷанубии марзи Русияву Гурҷистон нозирони байнулмилалӣ мустақар шаванд.

Изҳороти муовини вазири умури хориҷии Гурҷистон Нино Каландадзе дар ин бора имрӯз дар Тифлис пахш шуд.

Маскав мегӯяд, ки ин мавзӯъ берун аз чаҳорчӯби фаъолияти Созмони ҷаҳонии тиҷорат аст.

Қарор аст, ки фардо даври навбатии музокироти миёни Тифлису Маскав оид ба вуруди Русия ба Созмони ҷаҳонии тиҷорат баргузор шавад. Даври пешин бенатиҷа поён ёфта буд.

Русия, ки аз соли 1993 талоши вуруд ба Созмони ҷаҳонии тиҷоратро дорад, бояд аз ризояти ҳама кишварҳои узви ин созмон бархурдор шавад. Гурҷистон яке аз охирин кишварҳост, ки то ҳол барои узви Созмони ҷаҳонии тиҷорат шудани Русия ризоят надодааст.