ИМА сафирашро аз Сурия бозхонд

Роберт Форд зимни сафар ба шимоли Сурия

ИМА бо далелҳои амниятӣ сафири худро аз Сурия бозхонд.
Хабаргузориҳо бо такя ба манобеъи дипломатӣ навиштаанд, ки сафири Амрико Роберт Форд рӯзҳои истироҳати гузашта Димишқро тарк намуд.

Роберт Форд чандин бор аз саркӯбсозии мухолифин аз сӯи мақомоти Сурия интиқод карда буд ва аз ин рӯ Димишқ ӯро дар дахолат ба умури Сурия айбдор менамуд.

Нооромиҳо дар Сурия ҳашт моҳ боз идома доранд. Дар ин давра, ба иттилоъи СММ, беш аз се ҳазор нафар ба ҳалокат расиданд.