Раиси ҷумҳурии Афғонистон Ҳомид Карзай гурӯҳҳои ифротгарои Покистонро ба музокироти сулҳ даъват кард. Дар сӯҳбат бо телевизиони «Geo»-и покистонӣ Карзай гуфт, ки дар сурати вориди ҷанг шудани ИМА ва Покистон, Афғонистон аз Исломобод ҷонибдорӣ хоҳад кард. Вай гуфт:
«Худо бубахшад, агар миёни Покистону Амрико ҷанге сар занад, Афғонистон аз Покистон ҷонибдорӣ мекунад».
Изҳороти Карзай баъди боздиди ду рӯз пеши вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон аз Афғонистону Покистон садо дод. Клинтон дар ин сафар ба таҳкими ҳамкориҳо зидди ҷангиён ва шурӯи дубораи музокираҳо ба хотири хатми низоъ дар минтақа даъват кард. Дар робита бо музокираҳо бо шабакаи Ҳаққонӣ, ки дар анҷоми ҳамлаҳои шадид болои Кобул ва таъсисоти амрикоӣ дар Афғонистон дар моҳи сентябр айбдор мешавад, вай гуфт, ки чунин мулоқот бояд дар хоки Покистон анҷом шавад.