Имрӯз дар Душанбе мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон баргузор шуд. Дар нишасти матбуотии муштарак бо ҳамтои тоҷикаш Ҳамрохон Зарифӣ баъди ин нишаст, хонум Клинтон гуфт, ки дар ин вохӯрӣ дар заминаи масоили марбут ба озодии мазҳаб ва озодии баён дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст. Клинтон гуфт, ки вай бо сиёсати маҳдудкуниву боздории озодиҳои мазҳабӣ дар Тоҷикистон розӣ нест, ба ин хотир, ки дар ниҳоят боиси ифротӣ шудани ҷомеа мегардад:
“Фикр мекунам, ки талоше барои сабтином ё қонуникунии мазҳабҳо як иқдоми ноком хоҳад буд, чунки ин боиси зеризаминӣ шудани мазҳаб мешаваду бебандубориҳову норизоиятҳоро ба миён меоварад. Мо намехоҳем коре кунем, ки боиси тавсеаи ифротгароӣ шавад. Мо нигарониҳои ҳам ҳукумат ва ҳам шаҳрвандони Тоҷикистонро комилан дарк мекунем”.
Дар мулоқоти чанд соат пеш аз инаш бо рӯшанфикрону матбуот ва ҷавонони Тоҷикистон дар маркази исмоилиёни Душанбе Ҳилларӣ Клинтон гуфт, ки Вашингтон аз риояи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон пурра ҷонибдорӣ мекунад.
Вай гуфт, ки кишвараш аз соли 1992 то ҳол барномаҳои мухталиферо ба маблағи 1 миллиард доллар дар ин кишвар пиёда карад, пуштибониаш аз Тоҷикистонро идома хоҳад дод. Рӯзи якшанбе қарор аст мулоқоти ӯ бо мақомоти баландпояи Ӯзбакистон дар Тошканд сурат гирад.