Имрӯз дар Душанбе мулоқоти президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва вазири хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон баргузор шуд. Дар мулоқот бо хабарнигорон баъди нишаст хонум Клинтон гуфт, ки дар ин вохӯрӣ дар заминаи масоили марбут ба озодии мазҳаб ва озодии баён дар Тоҷикистон изҳори нигаронӣ кардааст. Вай гуфт, ба раҳбари Тоҷикистон гуфтааст, ки дар сурати маҳдуд шудани ҷараёнҳои динӣ, ҷомеа бештар ифторӣ мешаваду гурӯҳҳои ҷиноӣ ба фаъолиятҳои зерзарминӣ мегузаранд.
Дар заминаи озодии баён, гуфт Клинтон, ӯ дар бораи мавридҳои мушаххаси фишор болои журналистон ва матбуот таъкид карда гуфтааст, ки шарти асосии рушди демократия матбуоти озод аст ва одамон бояд имкони изҳори андешаашонро дошта бошанд. Ҳилларӣ Клинтон аз Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми Тоҷикистон барои кӯмак дар истиқрори сулҳу рушди Афғонистон изҳори сипос кард ва гуфт, ки шарти муҳими суботи Афғонистон танаввӯи қавмиву нажодӣ ва идомаи ҳамкориҳо дар ин самт мебошад.
Қабл аз мулоқот бо Эмомалӣ Раҳмон, вазири умури хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон бо рӯшанфикрон, намояндагон матбуот ва ҷавонони кишвар дар маркази Исмоилиёни Душанбе мулоқот кард. Вай гуфт:
“Мо ҳақи шаҳрвандони Тоҷикистонро барои гирифтани маълумоти шоиста, дастрасӣ ба замин, матбуоти мустақил ва озод, ширкати баробар дар равандҳои сиёсӣ ва ҳамчунин, баҳрабардории ҳамаҷонибаи занону мардонро аз ҳама навъи ҳуқуқашон пуштибонӣ мекунем”.
Вай гуфт, ки ИМА аз соли 1992 то ҳол барномаҳои мухталиферо ба маблағи 1 миллиард доллар дар Тоҷикистон пиёда карда ният дорад, ки ироаи пуштибонии Тоҷикистонро идома диҳад