Ҳ.Клинтон: "Мо ҳуқуқи тоҷикистониёнро ба маъулмот, замин, матбуоти озод... пуштибонӣ мекунем"

Имрӯз дар Душанбе вазири умури хориҷаи Амрико Ҳилларӣ Клинтон бо рӯшанфикрон, матбуот ва ҷавонони кишвар мулоқот кард. Вай гуфт, ки кишвараш аз соли 1992 то ҳол барномаҳои мухталиферо ба маблағи 1 миллиард доллар дар ин кишвар пиёда намудааст. Вай таъкид кард, Амрико ба кӯмакҳои худ барои Тоҷикистон идома медиҳад. Хонум Клинтон дар ин мулоқот, ки дар Маркази исмоилиёни Душанбе доир гашт, дар ишора ба масъалаи бунёди нерӯгоҳи «Роғун» гуфт, ки Тоҷикистон дар ин замина бояд мунтазири натоиҷи ниҳоии ташхиси Бонки ҷаҳонӣ бошад.Хонум Клинтон дар робита ба бӯҳрони Афғонистон гуфт, кишвараш талош хоҳад кард, гурӯҳҳое аз ҷангиёнро, ки шароити сулҳро қабул доранд, ба ин раванд ҷалб намояд. Вай дар посух ба ин пурсиш, ки дар сурати пайвастани Толибон ба ин раванд сарнавишити ҳуқуқи башар, ҳуқуқи занон ва ҳуқуқ ба таҳсил чӣ мешавад гуфт, ки мо танҳо гурӯҳеро дар раванд мепазирем, ки шароити сулҳро бипазиранд на шаротити худро таҳмил кунанд. Вай гуфт:

“Мо ҳақи шаҳрвандони Тоҷикистонро барои гирифтани маълумоти шоиста, дастрасӣ ба замин, матбуоти мустақил ва озод, ширкати баробар дар равандҳои сиёсӣ ва ҳамчунин, баҳрабардории ҳамаҷонибаи занону мардонро аз ҳама навъи ҳуқуқашон пуштибонӣ мекунем”.

Дар сафари нахустини Ҳилларӣ Клинтон ба Тоҷикистон ӯро Роберт Блейк-фиристодаи вижаи ИМА ҳамроҳӣ мекунанд. Фардо қарор аст ӯ барои дидор бо мақомоти баландпояи Ӯзбакистон ба Тошканд сафар кунад