Бино ба изҳороти сафорати Амрико дар Тоҷикистон, Ҳиллари Клинтон-вазири корҳои хориҷии Амрико рӯзҳои 22 ва 23 октябри соли 2011 ба Тоҷикистон ва Узбекистон сафар мекунад. Дар Тоҷикистон Клинтон бо Президент Эмомалӣ Раҳмон ва Вазири корҳои хориҷӣ Ҳамрохон Зарифӣ мулоқот анҷом медиҳад. Зимни ин мулоқот масъалаҳои мухталифи равобити тарафайн ва минтақавӣ муҳокима карда мешаванд. Ҳамчунон хонум Клинтон бо ҷамъияти шаҳрвандӣ дар Душанбе вомехӯрад. Дар изҳороти сафорат омадааст, дар Узбекистон вазири хориҷӣ Клинтон бо Президент Ислом Каримов ва Вазири корҳои хориҷӣ Элёр Ғаниев мулоқоти дутарафа мегузаронад. Ҳамчунон Ҳилларӣ Клинтон аз заводи нави Ҷенерал Моторз Пауертрейн дар Тошканд дидан намуда, оғози "Барномаи соҳибкории технологӣ дар Осиёи Марказӣ" ва "Мусобиқаи Техно-Прайз"-ро эълон мекунад.