Талко тавлиди алюминийро кам кардааст

Тавлиди алюминий, як моли аслӣ ва бозоргири содиротии Тоҷикистон имсол 20 дар сад коҳиш ёфтааст. Хабаргузории “Интерфакс” навиштааст, корхонаи давлатии “Талко” дар 9 моҳи гузашта андаке бештар аз 210 ҳазор тонна алюминийи хом тавлид кардааст, ки назар ба 9 моҳи соли 2010 бист дар сад камтар аст. Таҷдиди бахше аз таҷҳизоти алюмингудозӣ дар корхонаро сабаби коҳиши тавлидот дар корхона гуфтаанд. Корхонаи “Талко” соли гузашта тақрибан 350 ҳазор тонна алюминий тавлид карда ва имсол дар ҳаҷми 544 миллион доллар алюминий фурӯхтааст.