Телевизиони Либия ва мақомоти Шӯрои миллии гузор мегӯянд, Муаммар Қаззофӣ, раҳбари суқуткардаи он кишвар дар шаҳри Сирте кушта шудааст. Аммо то кунун ин гузориш расман таъйид нашудааст. Пештар аз ин фармондеҳони нерӯҳои ҳукумати муваққати Либия гуфтанд, шаҳри Сирт, охирин такягоҳ ва зодгоҳи Қаззофиро тассаруф карданд, ки 42 сол раҳбари Либия буд ва моҳи август баъди суқути шаҳри Троблус пойтахт суқут кард.