Тоҷикистон қасд дорад, то 3 соли оянда дар донишгоҳҳояш низоми имтиҳони воҳиди дохилшавиро ба роҳ андозад. Ин барнома дар чорчӯби тарҳи READ, ки аз сӯи Бонки ҷаҳонӣ ҳимоят мешавад, иҷро хоҳад шуд. Бино ба иттилоъи Маркази миллии имтиҳонот, 3 миллиону 400 ҳазор доллар барои ин тарҳро Русия ва 400 000 доллари боқимондаашро худи Душанбе хоҳанд пардохт. Гуфта мешавад, Тоҷикистон низоми имтиҳони воҳиди дохилшавиро аз Русия нусха хоҳад гирифт. Русия 2 сол боз ин низомро ҷорӣ кардааст.