Эдуард Багиров аз Кишинёв ғайб задааст

Эдуард Багиров

Дар Молдова як адиби русзабон, ки дар интизори додгоҳаш дар ҳабси хонагӣ қарор дошт, ғайб задаст. Эдуард Багиров ба даъвати мардум ба хушунатҳо дар ҷараёни эътирозҳои ду соли пеш айбдор мешуд. Мария Виеру, сухангӯи додситонии кулли Молдова гуфт, Багиров, ки аз моҳи июн таҳти ҳабси хонагӣ қарор дошт, аз рӯзи 18 октябр бенишон шудааст. Айбномаи ӯ расман рӯзи 12 октябр эълон шуд. Дар эътирозҳои моҳи апрели соли 2009 дар Кишинёв алайҳи тахаллуфи натоиҷи интихоботи парлумонӣ ба хотири таъмини пирӯзии ҳизби ҳокими вақти коммунист дастикам 1 нафар ҳалок шуд. Багиров ба он айбдор мешуд, ки тавассути Интернет мардумро ба хушунат мехонд.
Қазияи ӯ мояи таниши Кишинёв бо Маскав низ шудааст.