Дар Қазоқистон 9 пайрави ҷараёни тасаввуфро маҳкум ба зиндон кардаанд. Додгоҳи Алма-Ато онҳоро дар ҷароиме, чун ифротгароии динӣ, боздошти ғайриқонунӣ ва тахрибе, ки аз табобати онҳо ба саломати мардум расидааст, муҷрим шинохт. Раҳбари гурӯҳ Исматуллоҳ Абдулғаффор ба 14 сол ва Сайёд Ибираев, профессори донишгоҳи миллии фаннии Қазоқистон ба 12 соли зиндон маҳкум шуданд. Онҳо худро пайрави тасаввуфи Ясавӣ меномиданд. Хоҷа Аҳмади Ясавӣ аз раҳбарони тариқати сӯфия дар асри 12 буд.