Путин созиши тиҷорати озоди ИДМ-ро қадрдонӣ кард

Сарвазири Русия Владимир Путин ва сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов дар Санкт Петербург (18-уми октябри соли 2011)

Сарвазири Русия Владимир Путин мегӯяд, созиши тиҷорати озод, ки миёни ҳашт кишвари узви Иттиҳоди Давлатҳои Муштаракулманофеъ (ИДМ) ба имзо расидааст, “асоси” паймони ҳамкориҳои ин гурӯҳ хоҳад буд:
“Мо бозорҳоямонро ба рӯи ҳамдигар боз мекунем. Ин маънои онро дорад, ки ашё ба бозорҳоямон бо нархи поинтар мерасаду имкони ташкили ширкатҳои муштарак беҳтар мешавад. Ҳамаи ин шароит рақобатпазирии иқтисодҳоямонро тавсеа мебахшад.”
Паймонро Русия, Арманистон, Молдова, Украина, Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Беларус имзо кардаанд. Ин хабар ғайримунтазира рӯзи сешанбе дар поёни нишасти сарвазирони кишварҳои узви Иттиҳод дар Санкт Петербург эълон шуда, соли оянда баъди тасвиби он дар парламентҳои кишварҳои Иттиҳод ба ҳукми иҷро медарояд.
Ба гуфти Путин санади нави тиҷорати озод ҷои созиши соли 1994-ро хоҳад гирифт, ки аз сӯи баъзе аъзои Иттиҳод то ҳанӯз тасвиб нашудааст.
Сарвазири Русия мегӯяд, Озарбойҷон, Узбакистон ва Туркманистон ҳоло бо омӯзиши санади тиҷорати озод машғул буда, то охири соли равон мавқеашонро ошкор хоҳанд кард.