Имрӯз бидуни эълони пешакӣ котиби давлатӣ ё худ вазири корҳои хориҷии ИМА Ҳилларӣ Клинтон аз Умон зиёрат кард. Хонум Клинтон ҳадаф дорад аз номи кишвараш ба раҳбари Умон султон Қобус ба хотири раҳоии се кӯҳнаварди амрикоӣ аз зиндони Эрон сипосгузорӣ намояд. Аз эҳтимол дур нест, ки дар гуфтушунид ҳамчунон кӯшиши сӯиқасд ба ҷони сафири Арабистони Саудӣ дар ИМА арзёбӣ шавад. ИМА бар ин назар аст, ки эрониҳо дар таҳияи ин сӯиқасд нақш доштаанд, вале ҷумҳурии исломӣ ин айбномаро қотеона рад мекунад.
Дирӯз дар Троблус Клинтон бо раҳбарони Шӯрои муваққати Либия вохӯрда, онҳоро бо қатъи ҳукми 42-солаи Муаммар Қаззофӣ табрик кард. Котиби давлатӣ таъкид кард, ки маъмурияти президенти ИМА Барак Обама саъй дорад барои кумак ба мардуми Либия ва аз ҷумла маҳви амборҳои аслиҳа маблағҳои иловагӣ дарёфт намояд:
“Мо рӯи масоили амниятӣ тамаркуз менамоем. Ман хушҳолам ба шумо расонам, ки мо саъй дорем пули бештаре барои таъмини амнияти Либия ва маҳви амборҳои аслиҳаи серхатари ин кишварҷамъ кунем. Маъмурияти президент Обама бо Конгресс имкони ирсоли 40 миллион доллари иловагиро баҳс дорад.”
Сафари Клинтон ба Либия замоне сурат гирифт, ки сарбозони вафодор ба ҳукумати муваққати Либия охирин истеҳкомҳои тарафдорони Қаззофиро мавриди ҳамла қарор додаанд.