Додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург 8 нафареро, ки ба киштии “Аврора” баромаданд ва парчами худро дар он насб карданд, ба чанд рӯзи зиндон маҳкум кард ё ҷарима баст. Парчами онҳо дорои нишони косахонаи сар ва ду устухони дар шакли салиб нақшшуда аст, ки маъмулан нишони роҳзанҳост. Яке аз онҳо ба 10 рӯзи зиндон, 3 нафари дигар ба 5 рӯзи зиндон ва 4 нафари дигар 1000 рублӣ ҷарима шуданд. Рӯзи якшанбе ин 8 нафар бо гурӯҳи ҷаҳонгардон ба киштӣ баромаданд, аз ҷаҳонгардон дар киштӣ ҷудо шуданд ва парчами худро баланд карданд. Барои полис ва наҷотдиҳандагон 5 соат зарур шуд, то онҳоро боздошт кунанд. Ҳоло киштии “Аврора” ба музей табдил ёфтааст. Ин киштӣ нишоне аз инқилоби кумунистӣ ба раҳбарии Владимир Ленин мебошад.