Дар давоми 9 моҳи гузашта дар Қирғизистон бар зидди аъзои гурӯҳҳои тундрави исломӣ 30 парвадаи ҷиноӣ боз шудааст. Ҷакир Зулпуев-корманди полиси вилояти Ӯш ба радиои Озодӣ гуфт, аз 30 парванда то ҳол расидагӣ ба 22 парванда комилан ба поён расидааст ва гунаҳгорон ба ҷазо кашида шудаанд. Зулпуев афзуд, 22 шахси гумонбар ба узвият дар созмони ғайриқонунии Ҳизбуттаҳрир боздошт шудаанд. Дар маҷмӯъ, шумораи парвандаҳои ҷиноӣ дар Ӯш дар соли 2011 нисбат ба соли 2010 афзоиш ёфтааст.