Боздиди Виктор Янукович аз Аврупо мавқуф гузошта шуд

Майа Котсианчич

Баъд аз зиндонӣ кардани Юлия Тимошенко-нахуствазири собиқи Украина Иттиҳодияи Аврупо боздиди ба нақша гирифтаи Виктор Янукович-раиси ҷумҳури Украина аз Бруселро бекор кард. Хонум Майа Котсианчич-сухангӯи Кэтрин Эштон-масъули сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо гуфт, боздиди Янукович замоне сурат мегирад, ки шароит барои муносиботи дуҷониба беҳбуд ёбад.

“Раҳбарон тасмим гирифтанд, ки ин мулоқот то рӯзҳои дигар, то фурсати дигар мавқуф гузошта шавад, то замоне, ки шароит барои пешрафт дар муносиботи дуҷониба муносиб аст”.

Ба нақша гирифта шуда буд, ки Янукович бо Ҳерман Ван Ромпу-раиси Иттиҳодияи Аврупо ва Хосе Мануэл Бароссо-раиси Кумиссиюни Аврупо 20 октябр мулоқот кунад.