Дар Банӣ Валид парчами Либияи нав афрохта шуд

Таҷлили пирӯзӣ дар Банӣ Валид

Дар Банӣ Валид парчами ҳукумати муваққати Либия афрохта шуд. Нирӯҳои Шӯрои миллии гузор умедворанд, ки ба зудӣ манотиқи дигари таҳти назорати Муаммар Қаззофӣ боқимонда низ суқут хоҳанд кард. Онҳо мегӯянд, дар Банӣ Валид ба муқовимати шадид дучор шуданд. Даргириҳо барои зодгоҳи Қаззофӣ –Сирт идома дорад.