Ҳавои умдатан абрии рӯзи 18 октябр дар Тоҷикистон

Ҳавошиносон барои имрӯз, 18 октябр, дар Тоҷикистон ҳавои асосан абриро пешбинӣ мекунанд. Ҳавои соф танҳо барои Хоруғ пешбинӣ мешавад, ҳарчанд ҳарорат дар инҷо имрӯз ҳамагӣ то 8 дараҷа гарм хоҳад шуд. Интизор меравад, ҳарорат имрӯз дар Ғарм – то 15, дар Хуҷанду Душанбе – то 25, дар Кӯлоб – то 26 ва дар Қӯрғонтеппа то 28 дараҷа гарм шавад.