Қарзи хориҷиии Тоҷикистон каме афзудааст

Мақомоти расмӣ мегӯянд, қарзи хориҷии Тоҷикистон то аввали моҳи октябр ба 2 миллиарду 100 миллион доллари амрикоӣ расидааст, ки назар ба аввали сол 8 дар сад зиёд аст. Ба гуфтаи вазорати молия, Тоҷикистон бештар аз ҳама аз ЭксимБанки Чин қарздор аст, ки ба кишвар 800 миллион доллар қарз додааст. Сипас қарзҳо аз Бонки Ҷаҳонӣ аст, ки ба 400 миллион доллар расидааст. Бо вуҷуди афзоиш, қарзи хориҷии Тоҷикистон бештар аз 33 дар сади маҷмӯи тавлидоти нохолиси миллиро ташкил медиҳад ва поинтар аз меъёрест, ки муассисаҳои байналмилалии молӣ ба Тоҷикистон тавсия додаанд. Тоҷикистон имсол барои бозгардони қарзҳои хориҷиаш 72 миллион доллар аз буҷа ихтисос додааст.