Мақомоти амниятии Покистон мегӯянд, бар асари ҳамлаи ҳавопаймои бидуни сарнишини Амрико дар як маҳалли марзии ин кишвар дасти кам чаҳор ҷангҷӯ кушта шудаанд. Хабаргузории «Ройтерс» мегӯяд, ҳавопаймо паноҳгоҳи пайравони Мавлавӣ Назир, як фармондеҳи Толибон дар Покистонро, ҳадаф гирифтааст, ки дар як рустое дар вилояти қабоилнишини Вазиристони Шимолӣ воқеъ аст ва гурӯҳи масъули ҳамлаҳои зиёде ба Афғонистон дониста мешавад.