Русия: Акнун тоҷик тоҷикро мекушад...

Бо гузашти солҳо аз муҳоҷирати кории тоҷикон дар Русия, гурӯҳҳои ҷинояткоре низ аз ҳисоби худи муҳоҷирон пайдо шудааст, ки ба азияту озори ҳамватанон машғуланд ва аз ин роҳ мехоҳанд соҳиби молу сарват шаванд.
Нурмуҳаммад, як муҳоҷири корӣ дар Маскав, ки аз ноҳияи Ваҳдати Тоҷикистон будааст, мегӯяд, зери таҳдиди гурӯҳе қарор дорад ва аз тарс наметавонад дар хона бо аҳли хонаводааш ба сар барад.

Радиои Озодӣ: Оё онҳое, ки омаданд ва Шуморо шиканҷа доданд, тоҷиканд?
На танҳо ман, мошинҳои чанд одами дигарро зада худашонро дар ҷангал бастаанд. Мошинҳоро гирифтаанд. Инҳо чанд одамаи дигарро кушта партофтаанд...

Нурмуҳаммад: "Ҳамаи онҳо тоҷиканд. Мо бо шартнома дар боғчаҳои кӯдакона кор мекардем. Чанд нафар аз Тоҷикистон низ бо ман кор карданд. Шартнома ҳаст, ҳамааш ҳаст. То ҳол “заказчик” ё фармоишгарон ба ширкати мо пул нагузарондаанд. Ман ҳам пул нагирифтаам. Он афроде, ки ҳамроҳи ман кор кардаанд, ба "одамон"-и худ гуфтаанд, ки пули моро гирифта диҳед. Онҳо ду бор бурда маро заданд. Қариб мепаронданд. Ҳамаашон мусаллаҳанд, муҷоҳиданд. Гуфтанд, ки пул медиҳӣ... Лекин одамони онҳо ин қадар пул кор накардаанд. Ин пул як сӯм ё ду сӯм нест. Ин пули бисёр аст."

"ГУФТАНД, КИ МЕПАРОНЕМ!"

Радиои Озодӣ: Ҳоло натиҷа чӣ шуд, моҷаро ба куҷо расид?

Нурмуҳаммад: "Дар натиҷа як саҳар аз хонаамон баромадам, ки ду мошини BMW пеши роҳи маро гирифт. Маро зада-зада ба мошин савор карданд ва бурданд пеши ҳамон одамон. Гуфтанд, ки ба ҳар яке аз ҳамин одамон 50-ҳазор рублӣ медиҳӣ. Ман гуфтам, ки ин қадар пулро онҳо кор накардаанд. Пули кори онҳо 20-25 ҳазор мешавад. Баъди ин маро боз дар мошин савор карданд ва ба тарафи Шолохов бурданд, ба як тарабхона. Онҳо ҷояшон ҳамон ҷост. Чӣ қадар ҷоне доштанд, заданд. Баъд ба ман 400 ҳазор “бор” карданд. Хайр, ҷон ширин. Барои ҳамин гуфтам, ки ёфта медиҳам. Ба ман “мӯҳлат” доданд. То поён ёфтани “мӯҳлат”, ман пулро гирифта натавонистам. Боз омаданду дубора бурданд... Боз заданд..."

Радиои Озодӣ: Чӣ тавр шуд, ки мӯҳлат тамом шуд ва Шумо пулҳоро баргардонида натавонистед?

Нурмуҳаммад: "Онҳо 15 рӯз мӯҳлат доданд ва “заказчик”-ҳо ба ширкати мо пул нагузаронданд. То ҳозир пул нагузаронидаанд."

"МАҚОМОТ КӮМАК НАМЕКУНАНД"

Радиои Озодӣ: Оё ин гуноҳи ҳамон ширкат аст, ки пул намегузаронад, яъне ҷониби кордиҳанда аст?

Нурмуҳаммад: "Не, гуноҳи “заказчик” ё фармоишгар аст. Агар “заказчик” ҳамин рӯз пулро гузаронад, фирма ҳамин рӯз пулро ба мо медиҳад."

Бино ба иттилои ғайрирасмӣ беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик дар Русия ба корҳои сохтмону тиҷорат машғуланд...


Радиои Озодӣ: Бубинед, оё ҳамин гурӯҳро пулис ё кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия ба танзим дароварда наметавонанд?

Нурмуҳаммад: "Не, инҳо ҳамроҳи коркунони давлат кор мекунанд."

Радиои Озодӣ: Шумо фикр мекунед, ки ҳамин гуна гурӯҳҳо аз ҳисоби Шумо ва мисли Шумо барин муҳоҷирон зиндагиашонро пеш мебаранд ва дороиву молу сарват ҷамъ мекунанд?

Нурмуҳаммад: "Дар ҳақиқат ҳамин хел кор мекунанд инҳо. На танҳо ман, мошинҳои чанд одами дигарро зада худашонро дар ҷангал бастаанд. Мошинҳоро гирифтаанд. Инҳо чанд одамаи дигарро кушта партофтаанд. Тоҷик модару падараш интизор аст, ки писараш меояд. То ҳозира намеёбад, ки писараш дар куҷост. Ана ҳамин хел гурӯҳанд ҳаминҳо."

"БА ДИГАР КИШВАР МЕРАВАМ..."

Радиои Озодӣ: Шумо ба ягон ҷо, масалан ба идораи пулис, ба додситонӣ муроҷиат кардед?

Нурмуҳаммад: "Ман ба ҳама ҷо муроҷиат кардам. Ба ҷуз аз Каромат Шарифов дигар кас муроҷиати моро қабул накард."

Радиои Озодӣ: Барои чӣ мақомоти Русия ба Шумо кӯмак намекунанд?

Таҳдид ба марг ва ҷабру шиканҷаи муҳоҷирони тоҷик аз сӯи ҳамватанони худ дар ҳолест, ки то кунун бештари муҳоҷирон аз сӯи миллатгароҳои рус ё мавриди шиканҷа қарор мегирифтанд...

Нурмуҳаммад: "Барои он ки коргарони мақомоти Русия мумкин аст ҳамроҳи ҳамин гурӯҳҳо кор кунанд. Ман ҳоло гурехта зиндагӣ мекунам. Дар дигар ҷоям. Дирӯз ба хонаи ман даромада, ҳатто зани маро задаанд. Онҳо писари маро задаанд. Таҳдид кардаанд, ки мепарронем."

Радиои Озодӣ: Чӣ кор мекунед, мехоҳед, ба Тоҷикистон баргардед ё ба тақдир тан медиҳед ва дар Русия мемонед?

Нурмуҳаммад: "Не, ба дигар давлат меравам..."

Радиои Озодӣ: Яъне, ки Шумо ягона роҳи наҷотро аз дасти ин гурӯҳҳо бо рафтан ба ягон кишвари дигар мебинед?

Нурмуҳаммад: "Ман пеш аз рафтан ба кишвари дигар бояд ҳамин гурӯҳро нобуд кунам. Дигар... дигар шонсе надорам."

Радиои Озодӣ: Шумо мехоҳед, ки ба ҷиноят бо ҷиноят ҷавоб диҳед?

Нурмуҳаммад: "Мумкин давлат баъд аз ҷинояти ман фаҳмад, ки ҳамин хел авбошҳо ҳастанду ягон кас то ҳозир нисбати онҳо чора надидааст."

КӢ ТОҶИКРО БА ТОҶИК ҶАНГ МЕАНДОЗАД?

Радиои Озодӣ: Роҳи дигареро барои баромадан аз ин вазъият намебинед?

Нурмуҳаммад: "Дигар роҳ нест. Фақат роҳ яктост, ки онҳо намефаҳманд. Фақат ҳамин роҳ монд, дигар тамом."

Радиои Озодӣ: Оё ҳамин хӯҷаинҳои шумо вазъиятро намефаҳманд, ки ба Шумо зудтар ҳамон пулро диҳанд, то бо коргаронатон ҳисобу китоб кунеду аз ҳамин ҳолати бисёр ногувор худатон ва аҳли оилаатонро раҳо кунед?

Нурмуҳаммад: "Ман ин масъаларо мефаҳмам. Лекин ба ширкат фармоишгарон пул намедиҳанд."

Радиои Озодӣ: Фикр намекунед, бо ҳамин роҳ ҳамон одамоне, ки ба ҳар ҳол онҳоро хӯҷаин мегӯед, Шуморо, яъне тоҷиконро бо ҳам ҷанг меандозанд?

Нурмуҳаммад: "Не, не. Барои он, ки ман бо ин одамон як сол кор накардаам. 5 сол боз кор мекунам ва медонам ҳамаи онҳоро. Ин мумкин нест..."

ҶИНОЯТКОРОНИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ?

Каромат Шарифов

Каромат Шарифов, раиси Ҷунбиши “Муҳоҷирони кории тоҷик” дар Маскав мавҷудияти гурӯҳҳои ҷинояткори тоҷикро, ки ба азияту озори тоҷикон машғуланд, рад намекунад.

Каромат Шарифов: "Дар ҳақиқат гурӯҳҳои ОПГ ё ҷинояткор зиёданд. Моҳи май соли 20011 гурӯҳи тоҷикон баъди задухӯрди байни худ бо истифода аз силоҳ чаҳор нафар парронда шуд. Яке аз онҳо бародари тоҷики мо шаҳрванди Русия буд, ки солҳои дароз дар бозори Черкизово посбони афроде буд, ки миллатҳои дигар миллати моро азобу машаққат медоданд. Номи вай Зайниддин буд, вайро бо лақаби Зайд мешинохтанд ва аз ноҳияи Ванҷ буд. Вай ҳам дар байни онҳо вафот кард."

Радиои Озодӣ: Ҷанҷолу занозании ҳамин гурӯҳ, ки мегӯед, бо куштори чаҳор нафар анҷом ёфт, сабабаш чӣ буд?

Каромат Шарифов: "Сабабаш ин аст, ки мехоҳанд раҳбарии як минтақа ё территорияро дар Маскав ва дар вилояти Маскав ба дасти худ гиранд. Масалан, дар сохтмонҳо, дар бозорҳо. Тарсондану тақсимот байни худ гузарондан тарзи кори онҳост ва мехоҳанд дуртар аз давлат бошанд ва дуртар аз ҷамъиятҳои тоҷикони Русия бошанд."

ҲАДАФИ ГУРӮҲҲО: КОНТРОЛИ БОЗОР

Радиои Озодӣ: Яъне ҷойҳоеро, ки тоҷикон бештар кор мекунанд, мехоҳанд контроли он ҷойҳоро ба дасти худ бигиранд?

Каромат Шарифов: "Бале, ин соли аввал нест. Мақсади асосии онҳо ин аст, ки бо роҳҳои задан, тарсондан ва ҳатто куштор назоратро ба даст гиранд. Ин гурӯҳҳои тоҷикон рӯз то рӯз зиёд шуда истодаанд. Бригадае ҳаст, ки аз чанд нафар сохтмончӣ якеи онҳо сардор аст. Русҳо ё миллатҳои дигар бо сабабҳои бисёр пули онҳоро намедиҳанд, барои ҳамин муҳоҷирон маҷбур мешаванд ба ин гурӯҳҳо муроҷиат кунанд. Ин гурӯҳҳо худашон пайдо мешаванд. Ин гурӯҳҳо музд ё андоз талаб мекунанд ва оқибат бачаҳое, ки сардор ҳастанд, онҳо нобуд мешаванд. Агар мо пеши ин корро мисли чеченҳо нагирем, номи мо фақат бад шуда рафтан мегирад. Бо муроҷиат кардан ба додситонӣ мушкил ҳал намешавад, барои он, ки додситонӣ мегӯяд, ки мо далел надорем. Бисёрии чунин гурӯҳҳо бе ҳуҷҷат ҳастанд."