Рӯзноманигор Исмоилов аз толори додгоҳ озод шуд

Муҳаммадюсуф Исмоилов

Додгоҳи шаҳри Хуҷанд Муҳаммадюсуф Исмоилов-хабарнигори нашрияи “Нури Зиндагӣ”-ро, ки 11 моҳ дар зиндон ба сар бурд, аз толори додгоҳ озод кард. Додгоҳ вайро 35 000 сомонӣ ҷарима баст ва эълон кард, ки Исмоилов ҳақ надорад 3 соли дигар ба фаъолияти рӯзноманигорӣ машғул шавад. Мақомоти интизомии Тоҷикистон то ҳол вайро барои таҳқиру тавҳин, тамаъҷӯӣ ва маҳалгароӣ айбдор мекарданд. Муҳаббат Ҷӯраева-вакили мудофеи Исмоилов ба радиои Озодӣ дар бораи ҳкуми додгоҳ гуфт:
Ҷӯраева:
“Мо бениҳоят қонеъ ҳастем. Барои ба озодӣ баромаданаш ин саҳми журналистон буд, ки ҳама барои дифоъ аз журналист сарҷамъ омаданд ва имрӯз ҳукми одилона бароварда ва аз толори додгоҳ озод карда шуд”.

Қабл аз эълони ҳукми Исмоилов Кумитаи дифоъ аз рӯзноманигорон ё CPJ мақарраш дар Ню-Йорк, аз ҳукумати Тоҷикистон даъват кард, ки Исмоиловро бидуни шарту шароит раҳо кунад, зеро дар фаъолияти рӯзноманигории вай нишонаҳои ҷиноят дида намешавад. Қарор аст, имрӯз ҳукми Урунбой Усмонов-хабарнигори Би Би Си низ эълон шавад.