Қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,1 миллиард доллар шудааст

Тибқи натиҷаҳои семоҳаи севвум, қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,1 миллиард долларро ташкил додааст. Дар ин бора вазорати молияи ин кишвар ба хабаргузории “Авеста” иттилоъ додааст. Дар семоҳаи севвум қарзи Тоҷикистон 25 миллион доллар изофа шудааст ва дар натиҷа қарз ба 2,1 миллиард доллар расидааст, ки он 33,4 дарсади даромади нохолиси миллии Тоҷикистонро мебошад. Тоҷикистон бештар аз Бонки Осиёии Рушд, Бонки Ҷаҳонӣ ва “Эксимбанк”-и Чин қарздор аст. Аз аввали сол то ҳол Тоҷикистон танҳо 40 миллион доллар қарзи худрог баргардонидааст.